Маърӯза дар бораи Танзими ҷашну маросими расмӣ.

Маърӯза дар бораи Танзими ҷашну маросими расмӣ ва оилавӣ дар робита ба Оростани дастурхони маънавӣ дар аёми Иди Саиди Фитр ва Иди Қурбон

08 июни соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директор ва ҳамаи кормандон нишаст дар мавзӯи “Оростани дастурхони маънавӣ дар Иди Саиди Фитр” баргузор гардид.
      Ҷаласаро Директори Муассиса ифтитоҳ намуда, дар бораи танзими ҷашну маросими расмӣ ва оилавӣ дар робита ба оростани дастурхони маънавӣ дар аёми Иди Саиди Фитр суханрони намуд.

Оид ба мавзӯи мазкур чунин қайд намуданд, ки дар ватанамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» тайи ёздаҳ сол амал намуда, дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд. Бо тақозои замон ва дархости мардум ба он тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла, ба моддаи 7 қисми 4 ба мазмуни зерин қайд карда шудааст: «Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст».

Қайд гардид, ки дар баробари мақомотҳои ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ кормандони Муассиса дар моҳи шарифи Рамазон ва моҳу рӯзҳои дигар низ бояд ба мардум фаҳмонанд, ки дар баробари пос доштани арзишҳои динӣ озодӣ ва сулҳу оромӣ неъмати бебаҳои зиндагист, муҳаббат ба Ватан шарти имондорист ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибдавлатӣ низ аз ҷумлаи воҷибот мебошад. Чунончӣ дар вохурии навбатиаш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардида буд, чунин таъкид кардан: 

«Дар чунин шароити буҳронии олам мардуми шарифи мо бояд аҳкоми шариатро доир ба зарари исрофкорӣ фаромӯш накунанд, боз ҳам сарфаю сариштакор бошанд, ҳангоми доир намудани тӯю маърака ва дигар маросиму ойинҳо, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон ба тақлиду намоишкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надода, муқаррароти Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро қатъиян риоя намоянд».
Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла иди Фитр, ҳамеша сарфаю сариштакор буда, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надода, ба ҷои оростани дастархони серхарҷу пурдабдаба дастархони маънавӣ оростан лозим мебошад.

Яъне барои анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон, кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш намудан зарур аст.
Дар охир Директори Муассиса Иди Саиди Фитрро ба ҳама кормандон табрик намуда, ба онҳо аз даргоҳи Худованди мутаъол саодату хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори осуда, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ободиву пешрафти рӯзафзун орзу намуд.