Ҷаласаи навбатии Шӯрои Нозирони Муассиса

Ҷаласаи навбатии Шӯрои Нозирони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”

3 августи соли 2018. Ҷаласаи навбатии Шӯрои Нозирони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои нозирони Муассиса мӯҳтарам Давлаталӣ Саид ва аъзоёни Шӯрои нозирони Муассиса – роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Клуби соҳибкорони ҷавон ва Котиботи Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назди Раиси вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои нозирони Муассиса сараввал ҳисоботи Директори Муассиса дар нимсолаи якуми соли 2018 шунида шуда, фаъолияти Муассиса, раванди мақсаднок истифодабарии маблағҳои ҷудошудаи қарзӣ, мониторинги қарз ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа хулосаи Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба муайян намудани сабабҳои пардохт накардани маблағҳои қарзӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомотҳои дахлдори давлатӣ чораҳои зарурӣ ҷиҳати баргардонии маблағҳои қарзии додашуда андешида шаванд.

Ба баррасии ҷаласаи мазкур ҷиҳати ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок 12 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкорӣ пешниҳод гардид.

Аз ин шумора 7 дархости қарзии субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои тиҷоратии аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок ба маблағи 21,2 млн. сомонӣ дастгирӣ ёфт. Субъектҳои дастгиришуда аз вилояти Хатлон 4, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 ва аз шаҳри Душанбе 2 рост меояд. Дархости қарзии 5 субъекти соҳибкорӣ аз ҷониби Шурои нозирон рад карда шуд.
      Маблағҳои қарзии ҷудошуда барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои тиҷоратии субъектҳои соҳибкорӣ, ки самтҳои гуногуни фаъолияти соҳибкориро дар бар мегиранд, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти дузандагӣ, истеҳсоли мебел, заргарӣ, коркарди меваю сабзавот, хушкмева, истеҳсоли намак, истеҳсоли ҷуроб, либосҳои тагпушҳои мардона, занона ва бачагона равона гардидаанд.