Семинар машварат бо иштироки муовини Раиси Суди Оли

Семинар машварат бо иштироки муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. бо кормандони Муассиса дар мавзуи “Терроризм ва ифротгароӣ”

            19 июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. ҷамъомад дар мавзуи “Терроризм ва ифротгароӣ” баргузор гардид. 

            Аминзода Т.З. муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзуъ баромад намуда, қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, тероризм ва ифротгароӣ мебошад. Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарарӣ вазнин, таҷовуз ба хаёти арбоби давлатӣ ё бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Аминзода Т.З. муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзуъ баромад намуда, қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, тероризм ва ифротгароӣ мебошад. Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарарӣ вазнин, таҷовуз ба хаёти арбоби давлатӣ ё бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

       Қайд гардид, ки тероризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъоияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зуран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.
             Иброз нардид, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худштносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
             Бинобар ин ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ, дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бе масъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
            Доир ба масъалаи маърузашуда кормандони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон Аминзода З.Т. саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифта, қаноатманд гардиданд.