Ҷаласаи Шӯрои Нозирони Муассисаи Фонд

Ҷаласаи Шӯрои Нозирони Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16 марти соли 2018 ҷаласаи Шӯрои Нозирони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. 
Дар ҷаласаи мазкур Муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои нозирони Муассиса муҳтарам Давлаталӣ Саид ва аъзоёни Шӯрои нозирони Муассиса – роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Клуби соҳибкорони ҷавон ва Котиботи Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар назди Раиси вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои нозирони Муассиса сараввал ҳисоботи Директори Муассиса барои соли 2017 шунида шуда, фаъолияти Муассиса, раванди мақсаднок истифодабарии маблағҳои ҷудошудаи қарзӣ, мониторинги қарз ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
Бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 феврали соли 2018, таҳти №48504(22.7) масъалаи таъсиси филиал ё намояндагии Муассиса дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба баррасии ҷаласаи Шурои нозирони Муассиса пешниҳод гардид. Дар натиҷаи баррасии масъалаи мазкур аз ҷониби Шурои нозирони Муассиса таклиф пешниҳод гардид, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тариқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Муассиса дар шаҳри Хоруғи ВМКБ намояндагии Муассиса таъсис дода шавад.

Сипас, ба баррасии ҷаласаи мазкур ҷиҳати ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок 7 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкорӣ пешниҳод шуданд.
Аз ин шумора 4 дархости қарзии субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ ба маблағи умумии 5,4 млн. сомонӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои тиҷоратӣ, ки аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок буданд, дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла аз вилояти Суғд 2 лоиҳаи тиҷоратӣ ва аз ВМКБ низ 2 лоиҳаи тиҷоратӣ. Қарор қабул гардид, ки лоиҳаҳои тиҷоратии 3 субъекти соҳибкорӣ барои омӯзиши такрорӣ ва мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ирсол карда шаванд.

Маблағҳои қарзии ҷудошуда барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои тиҷоратии субъектҳои соҳибкорӣ, ки самтҳои гуногуни фаъолияти соҳибкориро дар бар мегиранд, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли асфалти тафсон, истеҳсол ва коркарди хушкмева, истеҳсоли қоғаз равона гардидаанд.