Дастгирии соҳибкорони Ватанӣ имконияти пешрафт дар иқтисодиёти кишвар

Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағгузори барои дастгирии соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Фонд дар миқёси Ҷумҳури барои дастгирӣ намудани соҳибкорони Ватанӣ ва рушди соҳоти истеҳсолот ва саноат, маблағҳои қарзиро бо 12% солона ба муддати то 3 сол пешниҳод намуда доираи фаъолияти худро васеъ намудаистодааст. Маблағҳои қарзии пешниҳодшуда, бештар дар самти истеҳсолот, саноат ва содироти молу маҳсулоти Ватанӣ ба хориҷӣ кишварро дар бар мегиранд.

Ҳамаи қарзҳои аз ҷониби МД «ФДСҲҶТ» пешниҳодгардида ва истифодаи самараноки ин маблағҳои қарзиро кормандони Фонд хамешагӣ тахти назорат мегиранд. Ин масъулияти кормандони Фонд ҳам мизоҷ ва хам Муассисаро метавонад ба дастовардҳои назаррас ноил намояд. Роҳбарияти МД «ФДСҲҶТ» барои дастгирии соҳибкорони Ватанӣ ва самаранок истифода шудани маблағҳои қарзӣ, тасмим гирифтааст аз ин ба баъд фаъолияти соҳибкорон-мизоҷони Фондро дар расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ муаарифӣ намояд. Ҳадафи сиёсати мо дастгирии соҳибкорони Ватанӣ ва манфиати миллӣ аст.






Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *