Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассиса

Чанде кабл дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Нозирони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳамаи аъзоёни Шӯрои нозирон бо роҳбарии Раиси Шӯро муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саид иштирок доштанд. Лозим ба зикр аст, ки дар соли равон ин чаҳорумин ҷаласаи Шӯрои нозирон буд, ки ҷиҳати баррасӣ намудани парвандаҳои қарзӣ баргузор гардид.
Тибқи муқаррарот ин навбат дар ҷаласаи Шӯро як масъала баррасии 7 лоиҳаи пешниҳоднамудаи субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок маврид ба баррасӣ қарор гирифт. Пас аз таҳлил ва омӯзишу суҳбат бо соҳибкорон аъзоёни Шӯро ба хулосае омаданд, ки дастгирӣ намудани соҳибкорон дар самтҳои коркарди молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар иртибот ба супориши Паёми солонаи Пешвои миллат, ки стратегияи чаҳоруми миллиро саноатикунонии босуръати кишвар иброз намуда буданд, аз 7 лоиҳаи пешниҳодгардида 6 адади ин лоиҳаҳо пурра дастгирӣ шуданд. Лозим ба зикр аст, ки лоиҳаҳои мазкур дар самтҳои харид ва коркарди моеъҳои кимёӣ барои истеҳсоли маводҳои шустушӯӣ, бунёди корхонаи истеҳсоли афшураҳои помидор ва консентиронидашуда, сохта ба истифода додани сардхонаҳои иловагии муосир барои нигоҳдошти меваҷот ва сабзавоту дигар маҳсулоти барои содирот нигаҳдоранда, таҷдиди корхонаи коркарди сангҳои табиии мармар ва гранити маллӣ, бунёд намудани боғи интенсивӣ барои содироти меваҷот ва таҷдиди хоҷагии моҳипарварӣ, ташкили хӯроки моҳӣ ва парранда дастгирӣ шуда як лоиҳаи дигар барои таҳлили иловагӣ ва омӯзиш гардонида шуд.

Дар ҷаласаи Шӯро нозирон аз он истиқбол намуданд, ки ҳамаи лоиҳаҳои пешниҳодгардида истеҳсолот ва коркарди ашёи хомро дар бар гирифта заминаи асосии содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишварро ифода мекунад. Аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон” муовини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид ба роҳбарияти Муассиса пешниҳод гардид, ки барои ҳарчи бештар дастгирӣ намудани соҳибкорон ва лоиҳаҳои судманди истеҳсолӣ, шумораи парвандаҳои қарзиро ба Шӯро барои баррасӣ зиёд намоянд. Дар навбати худ аз ҷониби Директори Фонд муҳтарам Ҳокимшоҳ Бобозода иброз гардид, ки ҳадафи асосии фаъолияти соҳа имрӯз беҳ гардонидани сандуқи қарзӣ ва зиёд намудани шумораи қарзгирон аз ҳисоби соҳибкорони истеҳсолӣ буда ин масъала, низ дар фаъолияти корӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Дар хулосаи Шӯрои нозирони муассиса, боз 6 соҳибкори дигар дастгирӣ шуданд, ки умед дорем барои ояндаи рахшони ин меҳан бо меҳнати софдилонаи худ арҷ хоҳанд гузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *