Муҳокимаи парвандаҳои қарзӣ дар Фонд пешравӣ дар кору фаъолият.

Муҳокимаи парвандаҳои қарзӣ дар Фонд пешравӣ дар кору фаъолият.

Дирӯз дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи самтҳои фаъолият ҳисоботҳои мушаххас пешниҳод шуданд, ки дар ин радиф нисбат ба фаъолияти минбаъдаи  Муаасисиаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳам чанд нукта ироа гардид. Пешвои миллат иброз доштанд, ки  дар кӯтоҳтарин муддат ба бонк табдил додани Фонд ин дастгирии соҳибкорон бевосита бо имтиёзҳои муайян ва фоизҳои дастрас, бори дигар имконияти рушди соҳибкорӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.

(Иқтибос аз Паёми солонаи Пешвои миллат 26.12.2019)

“Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад.”

Дар ин раванд барои боз ҳам корро ҷоннок намудан дар соҳа Роҳбарияти Фонд тасмим гирифтааст ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супоришҳои Пешвои миллат сифати корро боз ҳам хубтар ба роҳ монад. Муҳокимаи ҳамаи парвандаҳои қарзӣ дар Фонд миёни кормандон дар якҷоягӣ баррасӣ шуда, хулосаи амиқи он ба Шурои нозирон пешниҳод мешавад. Ин иқдом  имконият медиҳад то фаъолияти соҳибкорон пурра таҳлил шуда пас аз дастгирии молиявӣ, эҳтимолияти ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳо ба пуррагӣ аз байн меравад.

Мақсади асосии мо ин манфити соҳибкорон  ва хизмати софдилона ба Ватан аст.