Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ироа гардид. (ҳоло идома дорад). Барои ба пуррагӣ бархурдор шудан ва вобаста ба самти фаъолият маълумотҳои мушахасро дар самти корӣ аз худ намудан ҳама кормандони Фонд бодиққат маълумотҳоро қайд менамуданд. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат вобаста ба дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар соли 2019 ва ҳамазамон баланд бардоштани молу маҳсулоти содиротӣ дар оянда натиҷаҳо ироа гардиданд. Пешвои муаззами миллат зикр доштанд, ки Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Бонк табдил дода шуда аз ҳисоби буҷети давлати дастгирӣ ёбад. Ин иқдомро ҳама кормандони Фонд бо хушнудӣ истиқбол намуданд, ки масъулиятро барои кор дар соҳа минбаъд дучанд мегардонад.Паёми Пешвои муаазами миллат идома дорад.