Дастгирии соҳибкорони ватанӣ рушди иқтисодиёти кишвар

Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки имрӯз фурсати муносиб барои истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар расидааст, зеро барои ҳар як соҳибкоре, ки мехоҳад барои васеъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ё истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ машғул бошад мо омодаи дастгирӣ ва маблағгузорӣ ҳастем. МД “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастгиру мададгори соҳибкорони ватанӣ.
Истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва бештар таваҷҷуҳ намудан ба молу маҳсулоти истеҳсолии воридотивазкунанда имруз метавонад нақши муассири худро барои рушди самтҳои мухталифи иқтисодлии кишвар гузорад. Шароити иқлим ва экологии кишвар имруз имконоти бештареро барои парвариш ва ё истеҳсол намудани навъҳои гуногуни меваҷот ва зиротату хоҷагидорӣ зотпарварию моҳигирӣ мусоид намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ имруз дар ҳамаи самтӣҳои агросаноатӣ метавонад рушди бештаре дошта бошад. Боду ҳавои хуб ва мусоиди Тоҷикистон нисбат давлатҳои ҳамсоя то ҷое мувофиқ барои ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ дар тамоми манотиқи кишвар буда имконияти бештареро барои соҳибкорон ва мутахассисони соҳа пешниҳод менамояд.
Соҳибкори инфироди Авасхон Охунов бо коркарди кирминамоҳӣ, парвариш ва коркарди моҳӣ машғул мебошад. Баъди ҷудо гардидани маблағи қарзӣ аз Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” соҳибкор зиёда аз 50000 ҳазор моҳиҳои гуногунро аз соҳибкори ватанӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов харидорӣ намудааст. Алъон соҳибкор моҳиҳои харидорикардашударо дар ҳавзи бунёднамудаи худ нигоҳубин намуда истодааст. Ин намуди фаъолият барои соҳибкор хеле қулай мебошад, зеро ҷойгиршавии ҳавзҳои вай ҳам аз ҷиҳати боду ҳаво ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ дар наздикии дарёи Сир бунёд шудаанд. Дар ҳавзҳо асосан се намуди моҳиҳо (ба истилоҳ малёк, сигаретка ва товарный) парвариш карда шуда истодааст. Айни ҳол дар яке аз ҳавзҳои моҳипарварии соҳибкор 30000 (сӣ ҳазор) моҳиҳои хурди дар боло қайд шуда ва 20000 (бист ҳазор) моҳиҳои барои фуруш тайёр мавҷуд аст. Лозим ба зикр аст, ки соҳибкор барои таъмини бозор ва мизоҷони худ истифодаи сардхонаро низ ба роҳ мондааст, ки алъон 3 тонна моҳии тайёрро онҷо барои истифодаи оянда нигоҳ дошта истодааст. Ҳамзамон ин моҳиҳо дар маркарзҳои савдо ва бозорҳои ш.Хуҷанд, ш.Истаравшан ва Исфара ба фурӯш мераванд. Соҳибкор соҳиби қаҳвахонаи «Темурмалик» буда, дар инҷо низ қисми назарраси моҳиҳои тайёрро ҳамчун таъом ба фуруш мегузорад.
Ин ҳам яке аз дастовардҳои соҳибкорони ватанӣ ва ҳамзамон маблағгузории судманди Муассиса маҳсуб меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *