7-Соли меҳнати самаранок ба нафъи Ватану миллат!

Лозим ба зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2015 №62 дар назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” барои амалӣ намудани сиёсати давлатии дар самти дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок фаъолияти хешро дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013 №34 ба роҳ мондааст ва фаъолияти созандаи Фонд оғоз аз рӯзи таъсис то ба имрӯз 7 соли пурраро ташкил медиҳад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки он вазифаҳое, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба зиммаи Муассиса вогузор шудааст, амалӣ намуда истода, иҷрои саривақтии онҳоро дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин  карда истодааст.

Дар давраи мазкур Муассиса ба он субъектҳои соҳибкорие, ки ба истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда машғул буда, бо молҳои худ бозори дохилиро таъмин намуда, инчунин онро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд, мусоидат намуда, қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст.

Муассиса то инҷониб ба дастовардҳои хуби молиявӣ ноил гардидааст,  ки ин самараи меҳнати софдилона ва иҷрои саривақтии супоришу уҳдадориҳои ба зиммаи кормандон гузошташударо собит менамояд.  Дар ин давра кормандон дар якҷоягӣ баҳри рушди иқтисодиёти кишвар ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат саҳми арзанда гузоштанд.

Ин санаи муҳим, яъне таъсисёбии Муассиса аз он шаҳодат медиҳад,  ки мақсаду мароми ҳар як корманд баҳри самараноки ва пешбурди  фаъолият барои рушди иқтисодиёти кишвар равона гардидааст.

Мо дар оянда низ кушиш ба харҷ медиҳем то фаъолияти созандаи худро баҳри дар амал татбиқ намудани супоришҳои роҳбарияти кишвар равона намуда дар пешрафти соҳоти мухталифи саноату иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошем.

 

 

Имрӯзу фардои Ватан аз соҳибкорони

 меҳандуст вобастагӣ дорад!

Муассиса имконияти бештари

рушди соҳибкорӣ дар кишвар!

 

7 соли меҳнати самаранок ба нафъи Ватану миллат!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *