Иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ масъулияти шаҳрвандии ҳар корманди Муассиса

Саҳмгузорӣ дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ин масъулияти ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки соли равон дар Тоҷикистон чандин маъракаҳои муҳими сиёсӣ моро дар пеш интизор буда аз ҳар нафар шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар масъулият ва хирадмандаиро талаб менамояд. Қобили зикр аст, ки рӯзи 1-уми марти соли 2020 мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ якдилона ширкат варзида, вакилони арзандаи худро интихоб мекунанд. Дар остонаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар фазои орому осоиштаи кишвар барои ҳар ҳизби дар Тоҷикистон фаъол имкониятҳоро Ҳукумати Тоҷикистон фароҳам овардааст, ки ин ҳам аз сиёсати дурандешонаи Роҳбарияти давлату Ҳукуматро гувоҳ аст. Дар муассиса ҷиҳати омода будан ва иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ бахусус Интихоботи дар пешистода ҷаласаи хурде баргузор гардид, ки кормандон бо як масъулият дар он ширкат варзида паҳлуҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии Интихоботро дарк намуда бори дигар барои худ маълумоти мушаххас гирифтанд.

Ҳадаф аз баргузории чунин ҷаласаҳо ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва ҷонибдорӣ намудан аз сиёсати кунунии Ҳукумати кишварро дар бар мегирад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *