Шӯрои нозирони Муассиса масъалаҳои қарзиро баррасӣ мекунад.

Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳамаи аъзоёни Шӯрои нозирон бо роҳбарии Раиси Шӯро муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саид иштирок доштанд. Лозим ба зикр аст, ки дар соли равон ин нахустин ҷаласаи Шӯрои нозирон буд, ки ҷиҳати баррасӣ намудани парвандаҳои қарзӣ баргузор гардид.
Барои боз ҳам аз наздик шинос шудани аъзоёни Шӯро бо фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар даромадгоҳои бинои Кумита намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз ҷониби субъектҳои дастгиришудаи Муассиса баргузор гардид. Аъзоёни Шӯро аз фаъолият ва молу маҳсулоти ин корхонаҳои ватанӣ аз наздик ошно шуда аз сифатнокӣ ва навъҳои гуногуни маҳсулот ба ҳар соҳибкор изҳори сипос намуданд. Ин икдом, яъне баргузор намудани намоишгоҳ пеш аз баргузории ҷаласаи Шӯро иқдоми Роҳбарияти Муассиса буда аз ин ба баъд доимӣ баргузор мегардад.
Дар оғози ҷаласаи Шӯро аъзоён пурра бо парвандаҳои пешниҳодгардида шинос шуданд ва дар идома масъалаи дастгирӣ намудани соҳибкорон бо маблағҳои қарзии имтиёзнок баррасӣ гардид. Ин навбат дар ҷаласаи Шӯро баррасии 4 лоиҳаи пешниҳоднамудаи субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок маврид ба баррасӣ қарор гирифт. Пас аз таҳлил ва омӯзишу суҳбат бо соҳибкорон аъзоёни Шӯро ба хулосае омаданд, ки дастгирӣ намудани соҳибкорон дар самтҳои коркарди молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар иртибот ба супориши Паёми солонаи Пешвои миллат, ки стратегияи чаҳоруми миллиро саноатикунонии босуръати кишвар иброз намуда буданд, 4 лоиҳаи пешниҳодгардида пурра дастгирӣ шуданд.
Лозим ба зикр аст, ки лоиҳаҳои мазкур дар самтҳои коркард ва истеҳсоли молу маҳсулоти ширӣ, таъсиси коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, мебел ва панҷараҳои оҳанин, ташкили коргоҳи дӯзандагӣ ва харидорӣ намудани таҷҳизоти иловагии хушкунанда ва борбандкунии меваҳо пешниҳод шуда буданд.
Бояд гуфт, ки ҳар ҷаласаи Шурои нозирони Муассиса имконияти фароҳам барои соҳибкорон арзёбӣ мегардад, зеро намояндаи субъекти соҳибкорӣ имкони бештари муаррифӣ намудани фаъолияти кории худро ба аъзоёни Шуро дошта, дар навбати худ фаъолияти кориашонро пас аз гирифтани маблағи қарзӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ҷаласа пурра протокол шуда аз ҷониби аъзоёни Шурои нозирон ба имзо расонида мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *