Натиҷаи фаъолияти Муассиса дар ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2020

92362868_158468498968052_1478255892775305216_o

Нимаи аввали рӯз барои баргузор намудани ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи Фонд сардоронивоҳидҳои сохтории Муассиса, кормандон ва мудирони филиалҳои Фонд дар вилояти Суғд, ВМКБ ва шаҳри Кӯлоб ба Муассиса ташриф оварданд.

Дар ҷаласа нахуст Директори Муассиса Ҳокимшоҳ Бобозода ҳозиринро хайрамақдам гуфта аз сардори баҳисобгирии муҳосиботӣ Ҷамшед Наҷмиддинов перомуни натиҷаҳои молиявии соҳа ҳисобот пурсиданд. Аз ҳисоботи номбурда маълум шуд, ки Муассиса дар давоми фаъолияти семоҳа дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар идомаи ҷаласа сардорони воҳидҳои сохтории Муассиса, мудирони филиалҳои Суғду Бадахшон ва Кӯлоб маълумотҳоро нисбат ба фаъолияти кориашон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо ҳисобот пешниҳод намуданд.

Аз ҷониби масъулин зикр кардид, ки  вобаста ба самти  чалби бештари мизоҷон барои истифода аз қарзҳои Муассиса, мақсаднок истифодашавии маблағҳои қарзӣ, баргардиши қарзҳои батаъхирафтода, назорати доимии қарзҳои раванд, саривақтӣ пардохт намудани фоизҳои қарзҳои пешниҳодгардида, ҳамкорӣ бо соҳибкорони истеҳсолӣ, (корхонаҳои истеҳсолии маҳсулоти воридотивакунанда) корро ҷоннок намуда ин равандро барои расидан ба мақсадҳои мусбӣ идома додаистодаанд.

Директори Муассиса муҳтарам Ҳокимшоҳ Бобозода пас аз ҳисоботи нафарони масъул аз фаъолияти кориашон ва натиҷаҳои молиявии соҳа иброз доштанд, ки ин нишондиҳандаҳо боиси қаноатмандӣ шудани мо намегардад, зеро мо имрӯз имконияти бештари пешниҳоди қарзҳоро дорем ва танҳо масъулияти корӣ ва бо дасту дили пок хизмат намудан моро ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардонад. Муассиса имрӯз имкони бо 12% солона пешниҳод намудани қарзҳоро ба соҳибкорон муҳайё намудааст ва ҳар нафар корманди Фонд чӣ дар минтақа ва чӣ дар дастгоҳи марказӣ бояд барои саҳмгузор будан дар ҳадафи чаҳоруми Ҳукумати Ҷумҳурӣ саноатикунонии босуръати кишвар бевосита саҳмгузор бошад.

Лозим ба зикр аст, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар маҷмуъ ба 5 субъекти соҳибкорӣ ба маблағи 6.6 милион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти Шӯроҳои соли 2018 ба 8 субъект ба маблағи 5.065 милион  сомонӣ қарзи имтиёзнок  пешниҳод гардидаст.

Дар фароварди ҷаласа Директори Муассиса Ҳокимшоҳ Бобозода барои боз ҳам фаъолияти созанда доштанип кормандони муассиса бо таъкид иброз доштанд, ки ҳар нафар бояд пеш аз ҳама масаъулият ва ҳисси миллӣ дошта бошад, манфиати миллӣ дар кор аз манфиати шахсӣ бояд боло бошад. Барои аз байн бурадани камбудиҳо ва расидан ба ҳадафҳои созанда мо бояд нимсолаи аввали соли ҷориро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъабаст намоем.

Ҳадафи асосии мо ин Муассисаро ба нишондиҳандаҳои молиявии назаррас расонидан аст, зеро самараи меҳнати мо аз садоқати мо ба кору Ватан манша мегирад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *