Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Санаи  23-юми апрел дар толори маҷлисгоҳи калони бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо роҳбарии Раиси Шӯрои нозирон, муовини якуми Сарвазири кишвар муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.  Дар Шӯрои навбатӣ беш аз 8 лоиҳа барои дастгирии молиявӣ пешниҳод гардида буд. Пас аз омӯхтан ва таҳлилҳои иловагии парвандаҳои қарзӣ аз ҷониби аъзоёни Шӯро, нисбат ба фаъолияти минбаъдаи корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, соҳибкорон ба суолҳои пешниҳодгардида, посухҳо доданд.

Мақсади асосии субъектҳои соҳибкорӣ ин истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ва ҳамзамон заминаи асосии содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар мебошад. Лозим ба зикр аст, ки имрӯз воқеан, ҳам фурсати густариш додани корхонаҳои истеҳсолии молу маҳсулоти ниёзи мардум саривақтӣ арзёбӣ мегардад, зеро дар шароити кунунӣ, ки мардуми чаҳон ба муқобили вируси COVID-19, яъне КОРОНОВИРУС мубориза бурда истодасту фурӯш ва истеҳсоли молу маҳсулоти муштарак миёни давлатҳо қариб, ки ба пуррагӣ аз сар гирифта шудааст, моро мебояд ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар таваҷҷӯҳ дошта бошем. Имрӯз яке аз имкониятҳои барои соҳибкорон манфиатовар ин пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкороне, ки истеҳсол ва фаъолияташон ба самти саноат равона кардашудааст маҳсуб меёбад, ки ҷиҳати дар амал табиқ намудани стратегияи чаҳоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ, саноатикунонии кишвар ва ҳамзамон рушд ёфтани корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунандаро дар бар мегиранд.

Муассиса барои боз ҳам рушди пешниҳоди қарзҳо ҳамкориро бо субъектҳои хусусӣ ва давлатӣ дар заминаи амалӣ шудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ роҳандозӣ намудааст.

Шӯро дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳлили пурраи парвандаҳо сипарӣ гардид, ки ин бори дигар аз шаффофият дар кору, масъулият дар идоракуниро собит менамояд. Пас аз анҷоми Шӯро аъзоёни Шӯро аз намоишгоҳи маҳсулоти омоданамудаи соҳибкорон дидан намуданд, ки дар ин намоишгоҳ молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи соҳибкорон ба маърази тамошо гузошта шуда буд.  Аъзоёни Шӯро аз молу маҳсулоти истеҳсолшуда  ва ба намоишгузошта изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр гардид, ки ба соҳибкорон имконияти мусоид бояд  фароҳам овард, зеро дар шароити кунунӣ соҳибкорон як чархаи асосии иқтисодиёту саноат ва иҷтимоиёти кишварро гардон мекунанд.

Кормандони Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”  бо Роҳбарии Директори Муассиса, Ҳокимшоҳ Бобозода тасмими ҷиддӣ гирифтаанд таҳти шиори “Мо метавонем аз Фонд заминаи устувори молиявӣ ва пойдевори устувори дастгирии соҳибкоронро бунёд намоем” фаъолияти худро идома дода дар рушду нумӯи кишвар саҳмгузор бошанд.

http://https://www.facebook.com/pg/-%D0%A4%D0%BE%D0%BD%D0%B4%D0%B8-%D0%B4%D0%B0%D1%81%D1%82%D0%B3%D0%B8%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D1%81%D0%BE%D1%85%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D0%BD%D0%B0%D0%B7%D0%B4%D0%B8-%D0%A5%D1%83%D0%BA%D1%83%D0%BC%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%A7%D1%83%D0%BC%D1%85%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D0%A2%D0%BE%D1%87%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD-100764738071762/posts/?ref=page_internal

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *